1998

Оғоз

15 сол пеш деҳаи "Пионер"-ро ҳама партофта рафтанд, сарнавишти онро деҳаҳои ҳамсояи "Алмалы", "Кулбаш", "Урняк" ҳам интизор буданд, фақат қабристони деҳаҳои мазкур боқӣ монда буданду халос. Хайрият Сафиуллин Вазих Лотфуллович, писараш Айрат ва бародаронаш Нияз ва Рамил Сафиуллин ҳастанд, ки дар давоми чандин солҳои тӯлонӣ дар эҳёи ватани хурди гузаштагони худ - деҳае бо номгӯйи воқеан шӯравӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ин деҳа дар ноҳияи Арск дар паси деҳаи "Кирлайи нав", дар масофаи панҷ километр дар як роҳи деҳотӣ ҷойгир гардидааст. Дар вақташ дар он ҷо клуб, дӯкон ва мактаби ибтидоӣ ҳам мавҷуд буд. Дар хоҷагии маҳаллӣ бошад саршумори зиёди гӯсфандону мурғро нигоҳ  дошта, парвариш мекарданд. Аммо солҳои 70-уми асри гузашта деҳа ба деҳаи хароб мубаддал гашт. Аз он вақт инҷониб, деҳа оҳиста-оҳиста хароб шудан гирифта, солҳои 90-уми асри гузашта деҳаи "Пионер" пурра хароб шуд, то он дараҷае, ки дар охири асри гузашта фақат як нафар дар ин ҷо доимӣ зиндагӣ мекард.

"Медонед, бо чашмони худ дидани хароб гардидани деҳаи азиз дардовар аст" - мегӯяд Айрат Сафиуллин. - Хонаҳои партофта рафта, онҳоро аллакай ба ҳезум тала карда бурдаанд, барқ нест, гирду атрофро газна, бургану явшон зер кардааст. Модару падарам ҳарду аз ин ҷо ҳастанд, аз ин рӯ, хотираҳои гарму гуворои ман бо деҳаи Пионер  пайвастанд. Ман ҳама таътилҳои мактабии худро дар ин ҷо мегузаронидам.

2003

Эҳёи деҳа

Пеш аз ҳама, оилаи Сафиуллинҳо якҷоя дар ҷойи кулбаи кӯҳнаи падари худ Айрат Вазихович бинои наверо бунёд сохтанд. Айнан чуноне, ки қаблан буд. Ба кори бузург оғоз бахшида шуд. Ин соли 2003 буд.

Дере нагузашта, дар доираи барномаи ҷумҳуриявӣ оид ба газкунонии маҳаллаҳои аҳолинишин ба деҳа газ гузарониданд. Таъминоти барқро барқарор намуданд, таъминоти мутамаркази обро низ пайваст карданд. Як гӯшаи хароби ҳаёти деҳотӣ оҳиста-оҳиста эҳё шудан гирифт.

2004

Хоҷагии деҳқонӣ Сафиуллин

Деҳае, ки чорво надорад, ятим аст. Аз ин лиҳоз, бародарони Сафиуллин тасмим гирифтанд ва аллакай соли 2004 дар ин маҳалли аҳолинишин Хоҷагии деҳқонии «Сафиуллин» пайдо шуд. Дар аввал кӯшиш ба харҷ доданд дар хоҷагӣ ғозу харгӯшҳоро парвариш намоянд, якчанд гӯсфандонро аз ноҳияи ҳамсояи Балтасин ҳам оварданд. Аммо чорво дар деҳаи Пионер бо кадоме сабабе бошад хӯ мегирифтанд.

Аз ин Айрат Сафиуллин наҳаросид ва зуд ба ярмаркаи кишоварзӣ дар Москва рафта, як оилаи гӯсфандони зоти Романовро бо 6 барраи хурд овард. Новобаста аз он, ки то ин замон дар хоҷагии деҳқонӣ аспу чорвои герефордӣ ҳатто мепарвариданд, парвариши ширхӯронҳои ҷуфтсуми пашми дурушту (ҷиҳати пӯстин) маҳсулнокии баланд доштаро чун мақсади асосӣ интихоб карданд.

2005

ҶДММ PX Pioneer

Бо мақсади омӯхтани тамоми асрори парвариши саноатии гӯсфандони зоти Романов хоҷагидорони навкор бо хоҷагиҳои генофондии вилоятҳои Ярославлу Иваново ҳамкориро ба роҳ монданд. Соли 2005 аз Кооперативи хоҷагидории кишоварзии «Родина», воқеъ дар ноҳияи Угличи вилояти Ярославл, 18 гӯсфандони зоти Романовро оварданд. Худи ҳамон вақт Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди Хоҷагии зотпарварии «Пионер» таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Айрат Сафиуллин ба зиммаи худ гирифт.

2009

Саршумори чорво зиёд мешавад

Хоҷагии зотпарварии «Пионер» самти афзоиши саршумори гӯсфандони зоти Романовро пеш гирифта, эҳтимоли таъсири муҳити зисти навро ба тағирёбии маҳсулнокии чорво ҳам дар назар доштанд. Аз ин рӯ, дар марҳилаи ибтидоии корҳои селексионӣ, пеш аз ҳама ба мутобиқшавии чорво ба шароити нави парвариш аҳамияти муҳим дода шуд. Баъд аз ин, тадриҷан ба афзоиши насли гӯсфандон, таъмини ҳаёту саломатии барраҳои навзод оғоз намуданд. Воқеан, дар ин кор барномаи электронии селексион «РОМСЕЛ», ки соли 2009 ба даст оварда шуда, насб гардида буд, хуб мусоидат намудааст.

2020

Яке аз хоҷагиҳои беҳтарини Русия

Сернаслӣ ба хоҷагии зотпарварии «Пионер» имконият фароҳам овард, ки дар тӯли якчанд соли мавҷудияти худ як рамаи калон ташкил намояд. Имрӯз дар ин ҷо зиёда аз 1 ҳазор гӯсфандони зоти Романов парвариш карда мешаванд. Ҳамзамон, дар доираи барномаи истеҳсолӣ (зотпарварӣ) -и ҷумҳурӣ фаъолият бурда, корхона ҳамасола фурӯши садҳо шишаку гӯсфандонро ба роҳ мондааст. Ҳар чорво шаҳодатномаҳои байторӣ ва зотӣ дорад.

Қобили қайд аст, ки харидорон кам нестанд: ҳоло ба ду соли оянда хоҳишмандон ба рӯйхат гирифта шудаанд, дархости гӯсфандони маҳаллӣ на фақат аз минтақаҳои гуногуни Россия қабул карда мешаванд. Ин тааҷҷубовар нест. Хоҷагии зотпарварии «Пионер» дар айни замон ба ҳайати Ассотсиатсияи гӯсфандпарварони Россия шомил аст ва ягона хоҷагии зотпарварӣ дар Тотористон мебошад, ки ба парвариши гӯсфандони зоти Романов машғул аст. Дар вилоятҳои ҳамсояи Самара, Уляновск, Киров, Удмуртия, Мари Эл ва як қатор минтақаҳои дигар ҳам ин гуна корхонаҳои кишоварзӣ вуҷуд надоранд.

Аммо дар ибтио касе ба деҳқонони Пионер бовар накарда буд. Ҳама боисрор мегуфтанд, ки онҳо дар парвариши гӯсфандон шикаст мехӯранд. Ҳатто раиси ноҳияи Арск Алмас Назиров ба ояндаи хоҷагӣ шубҳа дошт, гарчанде ки лоиҳаи эҳёи деҳаро пурра дастгирӣ намуда буд.

Дархост гузоред

Ман ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ ҳастам

Маълумот барои тамос

Телефон:
Телефони иловагӣ:
Почтаи электронӣ: