Зоти таърихии «Абердин-ангус»

Разведение овец Романовской породы

Абердин-ангус ин зоти қадимӣ буда,  дар мулки графҳои Шотландии Абердин ва Ангус дар асри XVII ба вуҷуд оварда шудааст. Дар аввал ин зотро барои шудгор кардани замин истифода мебурданд. Гӯшташро намехӯрданд, зеро он сахту серрагу пай буд. Дар охири асри XIX гӯсфандони зоти ангусро ба штати Канзаси ИМА оварда, дар ин ҷо хуб парвариш намуданд. Дар ин маврид нақши асосиро зудрасии чорвои ҳамин зот бозид. Дар асри XX бошад зоти ангусро ба содирот ба фурӯш баровардан гирифтанд. Ҳамин тавр, зоти ангус дар Австралия, Зеландияи нав, Канада ва Аргентина пайдо шуд. Барзаговҳои зоти Абердин-ангус дар кишвари мо дар солҳои 50-уми асри гузашта пайдо шуданд.

Тавсифи зот

Барзагови зоти Абердин-ангусро миёни барзаговҳои зоти дигар аз рӯйи бешохӣ ва сиёҳрангӣ фарқ карда шинохтан мумкин аст. Ин чорво ҳаҷман хурд мебошанд - дар ёл зоти ангус кам ба 118 см мерасад. Ҳангоми бо зоти дигар ҷуфтӣ кунондани ин зот, ба гӯсола хусусиятҳои хоси ин зот - бешохӣ ва сиёҳрангӣ мегузаранд. Фарқияти зоти Абердин-ангус:

  • сари хурд бо пешонаи дӯнг, пушти танги сар ва фуки кӯтоҳ;
  • гардани кӯтоҳу ғафси ба китфони барҷастаранг табдил ёбанда;
  • синаи васеъ ва чуқур;
  • бадани гирдаю сермушаки пашми мулоим дошта, тахтапушту ёли рост, устухони чорбанду камари рост;
  • пойҳои кӯтоҳ;
  • пӯсти борику мулоим;

Зоти Ангус тез калон мешаванд. Ба зудӣ то ба ҳадди аксар калон шуда, аз калоншавӣ боз мемонанд ва вазн гирифтан мегиранд. Ба фарбеҳӣ гирифторанд. Абердин-ангус - зоти гӯштӣ аст. Аломатҳои ширдиҳӣ суст инкишоф ёфтаанд.

Маҳсулнокӣ

Гӯсолаи нав зоидашуда вобаста ба ҷинсаш 22-28 кг вазн дорад. Гӯсола на бо мурури рӯз, балки бо мурури соат калон мешаванд - дар синни шашмоҳагӣ ба вазни 180 кг мерасанд. Дар як шабонарӯз чорвои зоти мазкур метавонад 1 кг ё бештар аз он вазн гирад. Вазни чорвои болиғ: говҳо - то 550 кг ва барзаговҳо - то 950 кг. Вазни барзагови болиғи бӯрдоқӣ метавонад ба 1 тонна расад. Ба зоти Ангус устухонбандии лоғару сабук хос мебошад. Аз ин лиҳоз, аз як чорво 70% маҳсул гирифтан мумкин аст. Гӯшташ - гӯшти мармар - маҳиннах, бо қабатҳои баробари чарбу, мулоим, хушбӯй ва бо таъми аъло.

Афзалият

Ин зот афзалиятҳои зиёд дорад:

  • ба шароити гуногуни иқлим хуб мутобиқ мешавад;
  • ҳангоми бо зоти ширдеҳ ҷуфтӣ кунондани зоти ангус, насли ҷуфтӣ на фақат аломатҳои хоси зоти ангусро ба худ мегирад, дар баробари ин миқдори кифояи ширро ҳам медиҳад;
  • зоти ангус гӯшти мармари аълосифат медиҳад, ки мазза ва намуди зоҳирии аъло дорад, ки дар аксар кишварҳои дунё гӯшти лазиз дониста мешавад;
  • чорвои мода барвақт ба балоғат расида, осон мезоянд;
  • феъли чорво орому нармтабиат аст;
  • зоти ангус пӯсти зебо дорад, онро барои истеҳсоли ҷузвдон истифода мебаранд.

Ҳангоми бо зоти дигар ҷуфтӣ кунондани зоти ангус насли арзандаро ба даст овардан мумкин аст.

Дархост гузоред

Ман ба коркарди маълумоти шахсӣ розӣ ҳастам

Маълумот барои тамос

Телефон:
Телефони иловагӣ:
Почтаи электронӣ: